Ссылки доступа

Обанбори "Кампиробод": Дар Узгени Қирғизистон иқдоми зидди табодули замин бо Узбекистон шуруъ шуд


Чанде аз деҳаҳои Қизил-Октбяри ноҳияи Узгени Қирғизистон рӯзи 22 апрел ба иқдоми эътирозии зидди табодули 50 га замин бо Узбекистон шуруъ карданд.

Ин заминҳо дар наздикии сарбанди обанбори "Кампиробод" ҷойгир ҳастанд. Дар Узбекистон обанбори мазкурро обанбори Андиҷон меноманд.

Сокинони деҳаҳои Қизил-Октябр дар макони эътирозҳо юрт ё чодар насб карда, гуфтанд, ин иқдом бемуҳлат хоҳад буд.

Сокинони маҳаллӣ пештар дар ҳузури раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз табодули замин норизоӣ баён карда буданд. Онҳо аз Тошиев хостанд, ки санади табодули замин бо Узбекистон бекор карда шавад.

Тошиев рӯзҳои 24-25 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо мақомоти он кишвар гуфтугӯи марзӣ анҷом дод. Рӯзи 26 март вай дар шаҳри Бишкек гуфт, ки бо Узбекистон ҳамаи масъалаҳои марзӣ ҳал ва ҳеч қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст.

Вай гуфт, сарбанди обанбори "Кампиробод" комилан аз сӯи марзбонони Узбекистон назорат мешавад, аммо захираи обро ду кишвар муштаракан истифода мекунанд.

"Дар ҳоли ҳозир атрофи 20 гектар аллакай симхор кашида шудааст. Вале ин на замини Узбекистон, балки замини мост. Ба назари ман, мо метавонем ба ҷои 50 гектар бо 20 гектар табодул кунем. Бигузор, 20 гектар дар онҳо бимонад. Он барои ҳифзи амнияти обанбор лозим аст. Барои ин бояд дубора гуфтугӯ кард. Ба ҷои ин 20 гектар мо метавонем аз дигар минтақаҳо 20 гектар замин талаб намоем", - гуфт Тошиев дар ҳузури сокинони маҳаллӣ рӯзи 19 апрел.

Сокинони маҳаллӣ бо ин пешниҳод розӣ шуданд.

Сокинони деҳаи Интимаки Қирғизистон 17 апрел дар эътироз ба додани 50 гектар замин ба Узбекистон тазоҳуроти бидуни муҳлатро оғоз карданд.

Дар шаҳри Москваи Русия ҳам наздики сад қирғизистонӣ гирди ҳам омада, аз қарори КДАМ Қирғизистон дар робита ба марзи ин кишвар бо Узбекистон интиқод карданд.

Орозайим Норматов, яке ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ ва узви ҳаракати "Ман розӣ нестам" гуфт, "Замини Қирғизистон - моликияти хусусии КДАМ нест. Ин ниҳод ҳақ надорад, ки бе ризоияти мардум, порлумон тасмим гирад. Мо имрӯз ҷамъ шудем ва талаб мекунем, ки роҳбарияти КДАМ бо хоҳиши худ истеъфо диҳад".

Охири моҳи марти имоли КДАМ-и Қирғизистон гуфт, масъалаи баҳси марзиро бо Узбекистон "сад дарсад" ҳал кардааст. Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, байни ду кишвар дигар қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст.

XS
SM
MD
LG