Ссылки доступа

Як қайиқ дар баҳри Миёназамин бо 130 муҳоҷир чаппа шуд


Созмони башардӯстонаи SOS Méditerranée рӯзи 22 апрел хабар дод, ки аз 130 мусофири қайиқи дар баҳри Миёназамин чаппашуда касеро зинда наёфтааст.

Киштии Ocean Viking, ки ба наҷоти мусофирони қайиқи чаппашуда баромада буд, на камтар аз 10 ҷасад пайдо кардааст.

SOS Méditerranée хабар дод, ки дар ду рӯзи охир киштии Ocean Viking чанд маротиба талош кард, зиндамондаҳои қайиқи чаппашудро пайдо кунад. Ҳафтаи гузашта ҳам як қайиқ дар соҳили Тунис бо 41 муҳоҷир ғарқ шуд. Ҳамаи онҳо фавтиданд.

Ба иттилои СММ, бидуни ҳисоби фавтҳои охир, дар баҳри Миёназамин, ки роҳи расидани муҳоҷирон ба Аврупо ба ҳисоб меравад, аз оғози сол 350 кас фавтидааст. Либия кишвари асосие ба ҳисоб меравад, ки муҳоҷирони Африқо аз он ҷо ба Аврупо ҳаракат мекунанд.

XS
SM
MD
LG