Ссылки доступа

Маъмурияти ИМА дар САҲА: Кремл мехоҳад, Радиои Озодиро аз Русия берун кунад


В московском офисе Радио Свобода
В московском офисе Радио Свобода

Дар ҷаласаи кумитаи доимии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) масъалаи пурзур шудани таъқибу фишорҳои мақомоти Русия ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) матраҳ шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси маъмурияти ИМА дар САҲА Элизабет Розенсток-Силлер 22 апрел дар ҷаласаи кумитаи мазкур дар Вена, ки масъалаи озодии баён дар Русия баррасӣ мешуд, гуфт, давоми як ҳафтаи ахир нисбат ба рӯзноманигорони таҳқиқотгар дар Русия чандин ҳолати нигаронкунандаи дигар рух додааст.

Ӯ қазияи рӯзноманигор Антон Сергиенкоро намуна овард, ки рӯзи 11 апрел номаи таҳдидомезеро дарёфт кардааст. Ин рӯзноманигори рус пайваста таъқиб шуда, таъқибгарон низ медонанд, ки ӯ дар куҷо зиндагӣ ва кор мекунад. Муаллифони нома вайро ҳамчун корманди радиои амрикоӣ дар хиёнат ба давлат айбдор кардаанд.

Элизабет Розенсток-Силлер ҳамчунин бозҷӯӣ шудани коргоҳи маҷаллаи мустақили "DOXA"-ро аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар рӯзи 14 апрел ёддоварӣ кардааст. "Ин ҳолатҳо бармало нишон медиҳанд, ки фазои беҷазоӣ барои таъқибу тарсондани рӯзноманигорони мустақил дар Русия бадтар мешавад", - афзудааст вай.

Дипломати амрикоӣ дар мавриди Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомоти Русия онро бар асоси қонуни "агенти хориҷӣ" ҷаримаҳои ҳангуфт мебанданд: "Кремл ба кори RFE/RL дар Русия монеа эҷод карда, мехоҳад онро аз қаламрави он кишвар берун кунад. Дар ҳоле ки ҳукумати ИМА ба ҳеч ваҷҳ ба кори расонаҳои русӣ, аз қабили RT ва "Спутник" монеа эҷод намекунад ва онҳо дар Амрико фаъолият доранд".

Элизабет Розенсток-Силлер иттилоъ дода, ки ҳоло RFE/RL ба Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон шикоят бурда, хостааст, барои таъйини муҳлат ё моратория дар иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия, ки радиоро барои иҷро накардани қонуни маъруф ба "агенти хориҷӣ" чораҷӯӣ кунад.

Русия нисбат ба Радиои Озодӣ ва мудири кулли он Андрей Шароградский дар Русия садҳо санади қонунвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Ин санадҳо марбут ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ҳастанд. Додгоҳ Радиои Озодиро барои вайрон кардани ин қонун ҷарима бастааст.

Дар муроҷиати Радиои Озодӣ унвонии Додгоҳи Аврупо омадааст, ки амалкарди мақомоти Русия ҳуқуқи одамонро ба озодии баён ва озодии ақида маҳдуд мекунад, ки аз сӯи Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон кафолат дода шудааст. Аз Додгоҳи Аврупо дархост шудааст, ки дар робита ба ҷаримаҳои ҳангуфти додгоҳҳои Русия чораҷӯӣ кунад, дар сурати ғайр радио ва мудири он мумкин аст, ҷарима шаванд.

XS
SM
MD
LG