Дар ин бора пулиси шаҳри Алмато хабар медиҳад.
Дар як нишастии хабарии фаврӣ рӯзи шанбе Рустам Абдураҳмонов, як мақомдори пулиси Алмато гуфт, бо марди ҳамлагар 6 соат гуфтугӯ давом кардаас, вале вай ҳеч талабе пешниҳод накардааст.
Марди ҳамлагар давоми шаш соати гуфтугӯ сӣ маротиба тир кушодааст. Касе аз ин тирҳо осеб надидааст.
Аммо ин ҳамлагар пеш аз он ки вориди манзилаш шудаву дарро ба рӯяш бандад, аз силоҳ посбони бинои 17-ошёнаро маҷруҳ кардааст. Посбон дар бемористон бистарӣ шудааст.
Ангезаи ҳамлаи ин мард рушан нест. Мақомоти пулис гуфтанд, шахсияти мард муайян шудааст. Пулис гуфт, он мард 56 сол дошт. Ҷузъиёти дигарро мақомоти пулис ошкор накардаанд.