Ссылки доступа

Генерали ИМА: Хуруҷи низомиҳои амрикоӣ аз Афғонистон шуруъ шуд


Генерал Скотт Миллер
Генерал Скотт Миллер

Фармондеҳи неруҳои байналхалқӣ дар Афғонистон, генерали артиши ИМА Скотт Миллер рӯзи якшанбе гуфт, хуруҷи танзимшудаи неруҳои ИМА ва ҳампаймонони Амрико ва интиқоли пойгоҳҳои низомиву таслиҳот ба неруҳои афғонистонӣ шуруъ шудааст.

Миллер афзуд, дар доираи фармоне амал мекунад, ки аз тасмими президенти ИМА Ҷо Байден бархоста аст ва ба ин тартиб, бо ихроҷи неруҳо аз Афғонистон, ба гуфтаи Байден, тӯлонитари ҷанги Амрикоро хотима мебахшад.

Ин генерали амрикоӣ, ки аз соли 2018 фармондеҳои неруҳо дар Афғонистон аст, гуфт, бо намояндагони ҳаракати тундгарои "Толибон", ки зидди неруҳои ҳукуматӣ меҷанганд, суҳбат ва онҳоро ҳушдор додааст, ки набояд низои Афғонистон бо ҷанг ҳал карда шавад.

Бино ба созише, ки байни ИМА ва намояндагони "Толибон" пештар ҳосил шуда буд, ИМА вазифадор буд, ки то 1 майи соли ҷорӣ неруҳояшро аз Афғонистон берун барад. Аммо президент Байден барои чанд моҳ муҳлатро тамдид кард. Интизор меравад, неруҳои амрикоӣ то 11 сентябри имсол аз Афғонистон берун шаванд.

Неруҳои НАТО, ки низ дар Афғонистон ҳастанд, давоми чанд моҳи оянда ин кишварро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG