Ссылки доступа

Суханронии духтари Навалний дар саммити ҳуқуқи инсон дар Вена


Алексей Навальный с семьёй

Духтари мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний -- Даря дар саммити ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 7-8 июн дар шаҳри Вена баргузор хоҳад шуд, суханронӣ мекунад.

Алексей Навалний моҳи феврали соли равон бо ҷоизаи шуҷоати Форуми ҳуқуқи инсони Вена сарфароз гардид. Созмондиҳандагони ҷоиза он замон изҳори умед карда буданд, ки "сиёсатмадори мухолифи рус ба зудӣ озод шуда, ҷоизаро шахсан дарёфт ва суханронӣ хоҳад кард". Дар сурати озод нашудан даъвати яке аз аъзои хонаводаи ӯ дар назар буд.

Дар Форуми имсолаи ҳуқуқи инсони Вена номзади пешин ба мақомоти президентии Белорус Светлана Тихановская ҳам баромад мекунад.

Алексей Навалний, ки августи порсол дар минтақаи Сибир дар сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд.

Баъди чанд рӯз ӯро барои наҷоти ҷонаш ба Олмон интиқол доданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии шӯравии “Новичок” заҳролуд карда шудааст.

Баъди бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний боздошт ва дар нақзи ҳукми ҳабси шартии соли 2014-и додгоҳ гунаҳгор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда ба маҳбас интиқол доданд.

XS
SM
MD
LG