Ссылки доступа

Муҳоҷирони узбек дар пайи баста будани марзҳои Русия рӯ ба Қирғизистон овардаанд


Муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла занон аз вилоятҳои сераҳолитарини Узбекистон -- водии Фарғона ҳар рӯз барои пайдо кардани кор ба Қирғизистон мераванд.

Ин муҳоҷирон субҳи барвақт дар назди гузаргоҳи марзии "Дустлик" дар ноҳияи Қара- Сууи вилояти Ӯши Қирғизистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, ҷамъ мешаванд, то шаҳрвандони кишвари ҳамсоя онҳоро ба "кори кутоҳмуддати ғайриқонунӣ" истихдом кунанд.

"Онҳое, ки субҳи барвақт меоянд, наздикиҳои нисфирӯзӣ кор меёбанд. Мо рӯзона ба ҳисоби миёна 10-20 доллар дар Қирғизистон кор мекунем. Ин хеле хуб аст. Рӯзҳое ҳам мешавад, ки кор намеёбем ва бо дастони холӣ ба хона бармегардем", - мегӯяд сокинони Андиҷони Узбекистон бо номи Ойбек.

Ба гуфтаи Ойбек, бештари узбекистониҳое, ки ҳоло дар Қирғизистон кор меҷӯянд, онҳое ҳастанд, ки ба иллати пандемияи коронавирус ва баста будани марзҳо натавонистаанд ба Русия баргарданд.

Сокини ноҳияи Қара-Сууи Қирғизистон Султон Айбашев, ки барои истихдоми дуредгар, ба назди гузаргоҳи марзии "Дустлик" омадааст, мегӯяд, дар он кишвар талабот ба муҳоҷирони узбек зиёд аст.

"Муҳоҷирони узбек омодаанд, бар ивази маблағи ночизе кор кунанд, ки сокинони маҳаллӣ намекунанд. Ҳамчунин онҳо кори зиёдро анҷом медиҳанд ва дар миёнашон мутахассисони хуб ҳам ҳастанд", - афзуд ӯ.

Сафари муҳоҷирони узбек ба Қирғизистон моҳи сентябри соли 2017 баъди он оғоз шуд, ки мақомоти ду кишвар аксари гузаргоҳҳои марзиро дубора боз ва назорати сарҳадиро сабуктар карданд.

Иқтисоди Узбекистон, ки 35 миллион аҳолӣ дорад, аз пули муҳоҷиронаш сахт вобастагӣ дорад. Соли гузашта сатҳи расмии бекорӣ дар он кишвар 13%-ро ташкил додааст. Вале мансабдорони он кишвар эътироф мекунанд, ки сатҳи бекорӣ чандин баробар бештар аз омори расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG