Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон латукӯби ду хонандаи тоҷикистониро рад карданд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки сафири Қирғизистон дар Душанберо даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурданд.

Номаи Тоҷикистонро рӯзи 27-уми апрел Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ ба Жениш Рустамбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе додааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон дар ин нота "аз амалкарди ғайриқонунии намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон нисбат ба ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар маҳаллаи Кулики ҷамоати Ворух изҳори нигаронии амиқ кард".

Сокинони ҷамоати Ворухи Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистон, мегӯянд, рӯзи 25-уми апрел марзбонони қирғиз талош кардаанд, чаҳор наврасро "бибаранд", аммо ду нафар фирор карда, дуи дигар ба даст афтодаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел хабари латукӯби ду сокини Ворухро беасос хонд ва гуфт, мақомоти марзбонии Тоҷикистон рӯй додани чунин ҳодисаро рад кардаанд.

Дар хабарномаи идораи марзбонии Қирғизистон омадааст, "миёни намояндагонии марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон суҳбати телефонӣ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон расман хабари боздошт ва азияти ду хонандаи мактаб аз сӯи марзбонони Қирғизистонро рад карданд."

Мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла нерӯҳои марзбонӣ расман дар ин бора хабар надодаанд, вале дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман аз латукӯби наврасони тоҷик аз сӯи марзбонони қирғиз нигаронӣ шудааст.

Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазир ин амалро ғайриқобили қабул номида гуфтааст, чунин корҳо ба шиддат гирифтан вазъ дар минтақаи наздимарзӣ боис шудааст. "Муовини вазир аз ҷониби Қирғизистон даъват кард, ки барои ҷалб намудани гунаҳкорон ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чораҳои зарурӣ андешад ва ҷониби Тоҷикистонро аз натиҷаи он огоҳ кунад"-омадааст дар хабари расмӣ.

Манбаъ мегӯяд, Музаффар Ҳусейнзода ба Сафири Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст, Душанбе "тарафдори рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Қирғизистон" аст.

Вокуниши тарафи Қирғизистон ба нотаи Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест. Вале ду рӯз пеш Қирғизистон низ ба ҷониби Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супурда буд. Дар нотаи Бишкек "нигаронии шадиди ҷониби Қирғизистон нисбат ба амалҳои ғайриқонунӣ ва зиддиқонунии мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми апрел ду шаҳрванди Қирғизистон - сокинони ноҳияи Лайлаки вилояти Боткандро рабудаанд" таъкид гаштааст.

Муносибатҳои Душанбе ва Бишкек дар рӯзҳои ахир ба сардӣ гароидааст. Ин кор пас аз он сурат гирифт, ки мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки шаби аз 23 ба 24-уми апрел ду қирғизистонии ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бенишон шудаанд. Ва наздикони онҳо ба мақомоти давлатии кишвари худ муроҷиат карда, гуфтанд, ки ҷавононро мазбонони тоҷик рабудаанд.

Пас аз ду рӯзи ин қазия, сокинони Ворух ҳам аз рабуда ва шиканҷа шудани ду сокини ноболиғи ҷамоат аз сӯи марзбонони Қирғизистон шикоят карданд. Ба нақли сокинон, ҳодиса рӯзи 25-уми апрел ва замоне рух додааст, ки чаҳор хонандаи мактаби рақами 23-и ҷамоати Ворух барои чаронидани чорво ба мавзеи Хоҷаи Ғорбобо, як қитъаи баҳсӣ, рафтанд. Сокинони Ворух тахмин мезананд, ки "рабудан ва зарбулати хурдсолон" як навъ посухе ба хабари гум шудани ду навраси қирғизистонӣ дар қитъаи дигари марз, ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон буд.

Дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳар чанд вақт нофаҳмӣ ва муноқишаҳо сар мезанад. Марзи байни ду кишвар ба иллати минтақаҳои баҳснок ва номуайян сабаби ихтилофҳо ва равуои ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG