Ссылки доступа

Як сокини Узбекистон ҳангоми фурӯши кӯдаки сесолааш боздошт шуд


Сокини ноҳияи Учкудуки вилояти Навоии Узбекистон Д.Б. ҳангоми фурӯши кӯдаки сесолааш боздошт шуд.

Дар ин бора аз Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Сокини Учкудук мехост, кӯдаки сесолаашро ба шаҳрванд И. дар ивази 5700 доллари ИМА фурӯшад ва ҳангоми дарёфти маблағ боздошт шуд.

Нисбати Д.Б. бо моддаи "Одамфурӯшӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG