Ссылки доступа

CPJ аз Узбекистон хост, қонунҳои маҳдудкунандаи озодии баёнро бекор кунад


"Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) мақомоти Узбекистонро даъват кардааст, то иҷрои қонунҳои наверо манъ кунанд, ки "маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет"-ро пурзӯр мекунад.

"Мақомоти Узбекистон бо наздикшавии интихоботи президентӣ тавассути як қатору тағйиру иловаҳои нав ба қонунгузорӣ назорати озодии баёнро сахттар карданиянд. Агар ҳукумати Узбекистон мехоҳад, ҷаҳониён воқеан ҳам бовар кунанд, ки онҳо кушиши ислоҳоти либералиро доранд, пас бояд иҷрои қонунҳоеро манъ кунанд, ки озодии расонаҳоро маҳдуд ва барои муаллифони навиштаҳои танқидӣ ҷаримаву зиндонро пешбинӣ мекунанд", - гуфтааст ҳамонҳангсози барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Тағйиру иловаҳои воридшуда ба кодексҳои ҷиноиву маъмурӣ ва қонуни Узбекистон дар бораи иттилоот 31 марти соли равон аз сӯи раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев имзо шуда, ба иҷро даромаданд. Тағйироти ахир барои туҳмат ё таҳқири президент дар Интернет ва даъват ба "бетартибии оммавӣ" маҳрум шудан аз озодиро пешбинӣ мекунанд.

Интихоботи президентии навбатии Узбекистон қарор аст, 24 октябри соли равон баргузор шавад. Интизор меравад, Мирзиёев номзадии худро ба мақоми президентӣ дубора пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG