Ссылки доступа

Нафткашҳои қазоқ баъди иҷрои талабашон ба маҳалли кор баргаштанд


Ҳудуди 20 корманди ширкати нафти "Мадиева"-и шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки ҳафтаи гузашта бо талаби маоши бештар корпартоӣ карда буданд, гуфтанд, баъди иҷрои талабашон аз сӯи корфармо ба маҳалли кори худ баргаштанд.

"Муовини шаҳрдор, мудири кулли ширкат ва нозири меҳнат дирӯз омада, ҷаласа баргузор карданд ва гуфтанд, ҳамаи пардохтҳо иҷро мешаванд. Онҳо ҳушдор доданд, ки мо бояд ба маҳалли кор баргардем. Бинобар ин, 29 апрел корро дубора оғоз кардем", - гуфт яке аз иштирокчиёни корпартоӣ Женис Бапилов.

Мудири ширкати "MADIBA" Галимҷон Каржаубайулӣ ҳам тасдиқ кард, ки талаби кормандон иҷро шудааст.

Кормандони "Мадиева", ки ба корхонаи "МунайФилдСервис" хидмат мерасонанд, 22 апрел даст ба корпартоӣ зада буданд.

"Мо барои "МунайФилдСервис" кор мекунем. Як сол мешавад, ки ба раҳбарият ва шаҳрдорӣ муроҷиат кардаем, вале бенатиҷа аст. Маоши мо 80-90 ҳазор танга мебошад. Талаб дорем, ки моро ҳамчун корманди "МунайФилдСервис" ба қайд гирифта, дар ҳаҷми 180–200 ҳазор танга маош диҳанд", - афзуд Женис Бапилов.

Шаҳрдори Жанаозен Мақсад Ибагаров гуфта буд, ки дар "Мадиева" санҷиши меҳнатӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG