Темур Карпов, дусти блогер дар суҳбат бо расонаи "Медиазона" гуфтааст, Бозоровро 29 апрел, баъди рухсат шуданаш аз беморхона рост ба Раёсати пулиси шаҳри Тошканд бурданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ӯро ба ҳасб мегиранд, ё не.
Пулиси Узбекистон 30-юми марти соли равон манзили Миразиз Бозоров ва як рӯз пас хонаи модарашро бозҷӯӣ карданд. Маъмурони пулис дастгоҳи аккосиву наворбардорӣ ва телефонҳои куҳнаи Бозоров, инчунин компютери модари ӯро бо худ бурдаанд.
Бозоров шоми 28-уми март аз сӯи афроди ношинос латту кӯб шуд. Дар натиҷаи ин латту кӯб пойи чапи вай шикаста ва чанд захми дигар бардошт. Блогер барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Узбекистон садо баланд мекард ва эҳтимолан сабаби латту кӯб шуданаш низ ҳамин будааст.
Аз рӯи ҳодисаи латукӯби Бозоров бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шудааст. Дӯстони блогер гуфтанд, онҳо ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ мешаванд.