Ссылки доступа

Қирғизистон беш аз 33 ҳазор шаҳрвандашро аз деҳаҳои наздимарзӣ берун бурдааст


Эвакуированные кыргызстанцы в Баткене, 30 апреля 2020 года. Фото: AFP
Эвакуированные кыргызстанцы в Баткене, 30 апреля 2020 года. Фото: AFP

Вазири тандурустии Қирғизистон Ализа Солтонбекова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст, ки беш аз 33 ҳазор шаҳрвандро аз деҳаҳои наздимарзии ин кишвар бо Тоҷикистон ба минтақаи амн кӯчонидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи низои ахир дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 34 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохта, теъдоди захмиён наздик ба 180 нафар аст. Вазъи шаш захмӣ вазнин арзёбӣ мешавад.

Бино ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ҳудуди 20 ҳазор касе, ки ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд, кӯдакони то 18-сола ҳастанд. Шахсони пиронсол ва занон низ аз деҳаҳои наздимарзӣ берун бурда шудаанд. Ҳамаи онҳо дар мактабу чойхона ва меҳмонхонаҳои Бодканд қарор доранд.

Мақомоти тоҷик дар бораи шаҳрвандони худ, ки ба минтақаи бехавф кучонида шудаанд, маълумот намедиҳанд. Вале хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабар дода, ки дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара чандин хона тахриб ва сӯзонида шудаанд.

28-уми апрел дар марзи ду кишвар миёни сокинон баҳсу сангандозӣ шуд ва, сипас, ба муноқишаи мусаллаҳонаи ду ҷониб печид. Аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби ихтилофу муноқишаҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG