Ссылки доступа

Беморие, ки дар Тоҷикистон ҳашт моҳ "меҳмон" буд (гулчин)


Ukraine -- Orthodox Easter in Kyiv

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ёде аз қосиди сулҳи тоҷикон Мирзо Турсунзода. Моҳи майи имсол қосиди сулҳ, шоири ширинкалом ва қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 110 сол мешуд. Ӯ аз камтарин шоирони тоҷик аст, ки шуҳраташ бештар ба муаррифии тоҷикону Тоҷикистон дар дунё рабт мегирад. (видео)

- Беморие, ки дар Тоҷикистон ҳашт моҳ "меҳмон" буд. Беморие, ки аз охири соли 2019 то кунун дар ҷаҳон ба тақрибан 150 миллион кас сироят карда, боис ба марги беш аз 3 миллион нафар шудааст, ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳашт моҳ "меҳмон" буд. Мақомот мегӯянд, дар ин муддат зиёда аз 13 ҳазор нафар бемор шуда, 90 нафар ҷон бохтанд. (видео)

- Захмиёни низоъ дар марз ба шифохонаи Исфара интиқол ёфтаанд. (видео)

- Модар мегӯяд, аснои сарбозшикор ӯро ҳам азият додаанд. Як хонавода дар ноҳияи Восеъ аз кормандони комиссарият ва ҷамоати Худоёр Раҷабов ба додситони ҳарбӣ шикоят бурдаанд. Онҳо идда доранд, ки се рӯзи пеш ба ҳангоми ҷалби маҷбурии фарзанди ин оила ба артиш, зери мушду лағад ақрор гирифтанд. (видео)

- Коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо оғоз шуд? Як сол пеш дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов хабари эҳтимоли расидани коронавирус ба Тоҷикистон паҳн шуд. Шаби 5 апрели соли 2020 Радиои Озодӣ гузориш дод, ки пас аз фавти марди 60-сола дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ёздаҳ корманди он дар Хуҷанд карантин шуданд. (видео)

- Дар порлумон "дедовшина"-ро баҳс карданд. Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мавзӯи "дедовшина" ё бадрафторӣ дар артиши кишварро ба баҳс кашиданд. Аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, вакил ва раиси Ҳизби демократ, рӯзи 28-уми апрел дар ҷаласаи порлумон аз муовини аввали вазири дифоъ, Эмомалӣ Собирзода, хост, масъаларо шарҳ диҳад. (видео)

- Билети Русия арзонтар шуд, вале ҳанӯз ҳам дастнорас аст. Бо гузашти тақрибан як моҳ аз дубора барқарар шудани парвозҳои маъмулӣ миёни Душанбеву Маскав, сокинон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз мушкили дастрасӣ ба билет ва нархи гарони он садо баланд мекунанд. (видео)

- Тоҷикистон мегӯяд, ба муттаҳам бо таркиши анбор дар Чехия шиноснома надодааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG