Ссылки доступа

Узбекистон 90 зану кӯдакро аз Сурия баргардонид


Шоми 30 апрел дар доираи амалиёти "Меҳр-5" 93 зану кӯдак аз урдугоҳҳои паноҳандагони "Ал-Ҳол"-и Сурия ба Узбекистон баргардонида шуд. Дар ин бора расонаҳои Узбекистон хабар медиҳанд.

Панҷумин амалиёти баргардонии занону кӯдакон аз Сурия ба Узбекистон бо кӯмаки ИМА ва дигар кишарҳои шарик анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, занону кӯдакон дар урдугоҳҳо бештар аз 3 сол нигаҳдорӣ мешуданд. Шавҳарони ин занон дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд. Миёни кӯдакони баргардонида шуда 7 тан ятими кул ҳаст.

Пештар аз ҷараёни амалиёти "Меҳр-1, 2, 3, 4" шуруъ аз соли 2019 ба Узбекистон аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар маҷмуъ 438 зану кӯдак баргардонида шуд, ки дар вазъияти душвор қарор доштанд.

Моҳи январи соли ҷорӣ СММ бо нашри як гузориш гуфт, бошандагони урдугоҳи "Ал-Ҳол" дар Сурия таҳти хушунат ҳастанд. Ба иттилои расонаҳо, он ҷо бештар аз 60 ҳазор паноҳанда, асосан зану кӯдак қарор дорад.

XS
SM
MD
LG