Ссылки доступа

Дар Қазоқистон иддае аз сокинонро дар макони эъломи гирдиҳамоӣ боздошт карданд (видео)


Дар боғи марказии шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 1 май пулис иддае аз сокинонро боздошт кард. Хабарнигорон шоҳиди ҳадди ақал боздошти 5 сокине шуданд, ки ба макони таъйиншудаи гирдиҳамоиҳо омада буданд.

То замон боздошт ин панҷ тан талабҳои худро эълом карданд - озодии маҳбусони сиёсӣ, иҷрои қатъномаи Порлумони Аврупо дар мавриди ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, пешгирӣ аз гаронии нархи бозор ва "воксинзании иҷборӣ". Кормандони пулис онҳоро боздошт ва ба автобус шинонданд.

Боздоштҳо дар кӯчаҳои наздики боғ низ сурат гирифт. Кормандони пулис сокинонеро, ки мехостанд, вориди боғ шаванд, иҷозаи гузар надоданд.

Мақомоти шаҳри Алмато гуфтад, ки рӯзи шанбеи 1 май - дар рӯзи гирдиҳамоӣ - дар боғ поккорӣ анҷом медиҳанд. Дар он рӯз ҳамчунин мақомоти шаҳрдорӣ хати сайри нақлиёти ҷамъиятиро тағйир доданд ва ба ин тартиб, нақлиёти ҷамъиятӣ аз кӯчаҳои дуртар аз боғ убур карданд.

Дар шаҳри Чимкент чаҳор кас боздошт шудааст. Мухолифони ҳукумати Қазоқистон аз сокинон даъват карда буданд, ки рӯзи 1 май бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.

Дар остонаи гирдиҳамоиҳо эҳтимолӣ, мақомоти Қазоқистон чанде аз фаъолони ҷамъиятиро бо баҳонаҳои гуногун боздошт ва ҳабси маъмурӣ карданд.

XS
SM
MD
LG