Ссылки доступа

Узбекистон то 17 май чанд парвозро ба Туркия бекор кард


Ширкати миллии ҳавопаймоии Uzbekistan Airways чанд парвози доимиро ба Туркия, ки мебоист, то 17 май анҷом шаванд, бекор кард.

Дар хабари расмии ширкат омадааст, ки бекорсозии парвозҳо ба бад шудани вазъи беҳдоштии Туркия - афзоиши гирифторони коронавирус - рабт дорад.

Ба ин тартиб, парвозҳои зер аз Узбекистон ба Туркия бекор шудаанд:

14 май. HY 273/274. Тошканд – Истанбул – Тошканд;

7, 10 ва 14 май. Самарқанд – Истанбул – Самарқанд;

1, 5, 8, 12 ва 15 май. Фарғона – Истанбул – Фарғона;

2, 9 ва 16 май. Урганҷ – Истанбул – Урганҷ.

Парвозҳои рӯзона аз Тошканд ба Истамбул (HY 271/272) бидуни тағйир анҷом хоҳанд шуд.

Туркия аз 20 апрел то 17 май маҳдудиятҳои вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирусро сахттар кард.

XS
SM
MD
LG