Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як маҷруҳи дигари муноқишаҳои охири марзӣ фавтид


Рӯзи 3 май яке аз дигар маҷруҳони муноқишаи ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон фавтид. Дар ин бора Ализа Солтонбекова, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, фавтидаи ахир сокини деҳаи Максати Қирғизистон, соли таваллудаш 1967 будааст.

Ба иттилои расмии мақомоти Қирғизистон, то рӯзи 3 май қурбониёни муноқишаи ахири марзӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба 35 нафар расидааст. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар натиҷаи муноқиша ҳамчунин 183 шаҳрванди Қирғизистон зиён дидаанд.

Рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи фавтидагон ва хисорот иттилоъ намедиҳанд. Аммо расонаҳо навиштанд, ки дар ин муноқиша ҳадди ақал 16 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG