Вай изҳор дошт, ки "Миллий тикланиш" зидди истифодаи санъат ба унвони силоҳ дар сиёсат аст.
"Мо зидди санъат нестем. Мо зидди истифодаи он ҳамчун силоҳ дар сиёсат ҳастем. Мо дар маркази пойтахт бардоштани парчами Давлати Шӯравӣ - ишғолгареро, ки бо хуни зиёиён ва аҷдодонамон ранг шудааст, таҳқири мардуми узбек медонем", - афзуд Қодиров.
Раиси "Миллий тикланиш" афзуд, ки мунтазир аст, то Додситонии кулли Узбекистон ба "иғво"-и мазкур баҳои ҳуқуқӣ диҳад.
Парчами сурхе, ки Қодиров мегӯяд, 1 май дар ҷараёни консерте дар назди Қасри санъати Тошканд бардошта шуд.