Ссылки доступа

Блинкен Чинро ба истибдод дар дохилу таҷовузкорӣ дар хориҷ айбдор кард


Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, агар низое миёни Амрико ва Чин сар бизанад, бар хилофи манфиатҳои ҳар ду кишвар хоҳад буд.

"То ба он ҳад расидан ё ҳатто ба он самт равона шудан амиқан хилофи ҳам манфиатҳои Чин ва ҳам ИМА аст", - изҳор дошт ӯ дар суҳбат бо телевизиони CBS News.

Блинкен афзуд, "давоми чандин соли ахир мо мушоҳида мекунем, ки Чин дар дохил худро бештар истибдодгар ва дар хориҷ таҷовузкор нишон медиҳад. Ин воқеият аст".

Ба гуфтаи ӯ, дуздида шудани моликияти зеҳнӣ аз сӯи Чин маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байденро сахт ба ташвиш овардааст. Вай Пекинро ба "ноадолатӣ" ва "рақобати душманона" айбдор кард. Блинкен қайд кард, ки Вашинтон дар ҳамроҳӣ бо "кишварҳои ҳамфикр ва нороҳат" бояд ба Пекин гӯяд, "дигар ин тавр намешавад ва набояд чунин идома ёбад".

ИМА пештар Чинро ҳушдор дода буд, ки дар доираи "ҳимояти манфиатҳои Амрико дар ҷаҳон" ҳузури низомиро дар минтақаи Ҳинд ва Уқёнуси ором тақвият мебахшад.

XS
SM
MD
LG