Ссылки доступа

Додгоҳи Русия бори севум муҳлати ҳабси шаҳрванди Тоҷикистонро тамдид кард


Фуркат Абдуфаттоев
Фуркат Абдуфаттоев

Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон дар Русия рӯзи 28-уми апрел бори севум муҳлати ҳабси Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворух, шаҳрванди Тоҷикистонро ду моҳ дароз кард. Абдуфаттоев бар асоси дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дар боздошт қарор дорад.

Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Бодканди Қирғизистон дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод". Дар аввал ҷониби Қирғизистон иддао дошт, Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 13-уми марти соли 2019 дар моҷарои марзӣ ширкат кардааст ва талаб дошт, мақомоти Русия ӯро ба ин кишвар диҳанд.

Илларион Василев, вакили дифои Фурқат Абдуфаттоев пас аз анҷоми мурофеаи додгоҳӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додситон аз додгоҳ хост муҳлати ҳабси пешакии ӯро 6 моҳ дароз кунад. Ба гуфтаи Василев, додрас бо назардошти оне, ки дар нисбати Абдуфаттоев айб эълон нашудааст, муҳлати ҳабси пешакии ӯро ду моҳ дароз кард.

Василев афзуд, "мақомоти тафтишоти Қирғизистон Абдуфаттоевро дар ғайбаш танҳо гумонбар донистаанд. Дар нисбати ӯ расман айб эълон нашудааст. Мувофиқи қонунҳои Русия шахсеро, ки дар нисбати ӯ айб эълон нашудааст истирдод кардан мумкин нест".

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ҷониби Қирғизистон муғойири конвенсияҳо оид ба истирдоди шахсони дар пайгард қарордошта амал карда ва Додситонии Русия ба ҷойи рад кардани чунин талаби ғайриқонунӣ, онро иҷро карда истодааст".

Илларинов гуфт, додгоҳ метавонист дар ин шароит Абдуфаттоевро бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод кунад, аммо боз ҳам ҳабси ӯро тамдид кард. Ӯ афзуд, аз болои ин ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳалима Неъматова модари Фурқат Абдуфаттоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз қабл аз боздошт бемории COVID-19-ро аз сар гузаронида буд ва ҳоло саломатиаш дар боздоштгоҳ бадтар шудааст.

"Ӯ аз дарди гурда шикоят дорад, бо 5 ҳазор рубл дору харида додем, аммо ӯро дар як утоқи танг бо 4-5 нафар нигоҳ медоранд, дар дохили зиндон шароити табобат нест",-арз кард Неъматова.

ҚАЗИЯ АЗ ЧӢ ОҒОЗ ШУД?

Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки Қирғизистон дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додааст, рӯзи 1-уми феврали имсол дастгир кард. Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир намудааст. Ба иддаои мақомоти қирғиз, Абдуфаттоев гӯё бо мошин сангреза оварда, роҳи Оқсой - Ворухро баста, ба бетартибӣ роҳ доданд".

Наздикони Фурқат Абдуфаттоев ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, Абдуфаттоев дар моҷароҳои марзӣ ширкат надошт ва Русия бояд ӯро озод кунад. Дар се моҳи охир бори дувум аст, ки сокинони Ворух бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт мешаванд. Қаблан Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух, ҳам дар Русия дастгир шудааст.

БОЗДОШТИ ҚИРҒИЗҲО БО ДАРХОСТИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳам бархе аз шаҳрвандони Қирғизистонро, ки дар барангехтани низоъҳои марзӣ айбдор медонад зери пайгард қарор додааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ахиран хабар дод, ки мақомоти рус рӯзи 18-уми апрел Эсанбой Маҷидов (Мажитов) сокини деҳаи Кук-тош ҳаммарз бо Хоҷаи Аълои Тоҷикистонро дар шаҳри Нишний Новгород боздошт карданд. Тоҷикистон ӯро дар пайгард қарор додааст ва баробари фуруд омадан дар фурудгоҳ Нижний Новгород Маҷидов боздошт ва бо ҳукми додгоҳ барои 40 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ҷониби Тоҷикистон дархоcт кардааст, ки ӯ барои муҳокима ба Тоҷикистон истирдод карда шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG