Ссылки доступа

Дар натиҷаи аз кор мондани "Чархи фалак" дар Урал 8 кудак осеб дидааст (видео)


Дар натиҷаи якуякбора аз кор мондани дастгоҳи вақтхушӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Урали Қазоқистон 8 кӯдак осеб дидааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, дастгоҳи вақтхушии чархи фалак якбора боз истодааст ва 8 кӯдаки аз 5 то 10-сола ба замин афтодаанд. Видеои ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

"Ин ҳама дар пеши чашмони ба монанди манзарае аз филми тарснок рух дод. Ташаккур ба бачаҳое, ки зуд давида, кӯдаконро гирифтанд", - изҳор дошт яке аз сокинони Урал.

Муовини раиси "Ҷуманҷӣ боғ" Антон Ротштайн гуфт, дар ҳоли ҳозир сабабҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

"Ба гуфтаи волидон, вазъи ҳамаи кудакон хуб аст. Хабарҳо дар бораи ҷароҳати ҷиддӣ бардоштани онҳо асос надорад", - афзуд ӯ.

Дертар Департаменти пулиси Урал хабар дод, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Ироаи хидматрасоние, ки ба талабот ҷавобгӯ нест" парванда боз карда шудааст.

XS
SM
MD
LG