Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон ба вилояти Бодканд мақоми махсус медиҳад


Ҳукумати Қирғизистон бо дастури президенти ин кишвар Содир Ҷабборов лоиҳаи қонуни "Додани мақоми махсус ба вилояти Бодканд"-ро ба порлумон пешниҳод кард.

Лоиҳаи қонун 2 апрели имсол ба баррасии ом қарор дода шуда, 3 май бо назардошти эроду пешниҳодҳои ҷомеа аз сӯи ҳукумати Қирғизистон тасдиқ ва ба порлумон пешниҳод гаштааст.

Ин санад тавсеаи салоҳиятҳои раиси вилояти Бодканд, механизми имтиёзи маблағгузорӣ, тартиби махсуси ташкили буҷаи рушди вилоят, роҳандозии низоми алоҳидаи андоз, кафолати давлатӣ барои сармоягузорон, низоми махсуси хариди давлатӣ ва нигаҳдории муассисаҳои таҳсилотӣ ва фарҳангии минтақаро аз соли 2020 аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин барои барқарор сохтани иншоотҳое, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон осеб дидаанд, 700 миллион сом (8,2 млн доллар) ҷудо шудааст. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар суҳбат бо сокинони Лайлаки Бодканд хабар дод.

XS
SM
MD
LG