Ссылки доступа

Мусофирони тоҷик ширкати русиро муттаҳам карданд, ки "бештар аз ҷойи нишаст билет фурӯхтааст"


Гурӯҳе аз муштариёни ширкати "Уралские авиалинии" шикоят доранд, ки аз ин ширкат билети сафар ба Русияро хариданд, аммо рӯзи 1-уми май ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд. Ба иддаои корафтодагон, ба ҷойи онҳо шахсони дигарро фиристодаанд.

Ба фурудгоҳ рафтем. Гуфтанд, ки ҳавопаймо пур аст, тамом. Шарҳ надоданд, ки чаро ба ҷойи мо дигарон рафтанд? Ба фикри ман, касе зиёдтар пул додааст. Фикр накарданд, ки аз ин кор мо зиёни зиёд дидем.

Дар дафтари "Уралские авиалинии" дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз мушкили муштариён хабар доранд ва кӯшиш мекунанд, дар фурсати наздик сафари онҳоро ба Русия таъмин кунанд. Намояндагони ширкат ҳозир нашуданд, дар бораи чӣ гуна пеш омадани мушкил шарҳ диҳанд.

Парвиз Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе, шаби 1 ба 2-юми май бо нияти сафар ба Русия ба Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт рафтааст. Ӯ рӯзи сеюми май дар суҳбат бо Радиои озодӣ гуфт, бо далели набудани ҷойи холӣ, ӯро ба ҳавопаймо роҳ надоданд.

"Гуфтанд, ҳама ҷой пур шудааст. Чӣ хел пур шудааст, ки мо билет дорем ва дар ҳамин вақт бояд парвоз кунем? Гуфтанд, билети Шумо фурӯхта шудааст", -- нақл кард Парвиз Мирзоев.

Мусоҳиби мо афзуд, ба монанди ӯ 19 каси дигар, ки дар даст билети сафар ба Русияро доштанд, муваффақ нашуданд бо истифода аз ҳавопаймои "Уралские авиалинии" ба Русия раванд.

Лутфулло Содиқзода, муштарии дигари "Уралские авиалинии", мегӯяд, 20 рӯз пеш билети сафарро гирифта буд, вале намояндагони ширкат бидуни ҳеч шарҳ монеи сафараш шудаанд: "Дар билет замони парвоз ба Русия 8:30 навишта шудааст. Ба фурудгоҳ рафтем, гуфтанд, ки ҳавопаймо пур аст, тамом. Шарҳ надоданд, ки чаро ба ҷойи мо дигарон рафтанд? Ба фикри ман, касе зиёдтар пул додааст, лекин фикр накарданд, ки аз ин кор мо зиёни зиёд дидем."

Рӯзи сеюми май пушти дари биное, ки дафтари "Уралские авиалинии" ҷойгир аст, пур аз корафтодагон буд. Баъзе аз онҳо мехостанд, ба суолҳои худ аз масъулони ширкат посух гиранд.

Як корманди "Уралские авиалинии" бе зикри ном гуфт, ба сокинон фаҳмондаанд, ки интизор нашаванд, чу масъалаи парвози онҳо ба Русия дар рӯзҳои наздик ҳал мешавад. Ҳамсӯҳбати мо фурӯши як билет ба чанд нафарро рад кард, вале аз шарҳи таъхири парвози баъзе аз муштариён худдорӣ намуд.

"Уралские авиалинии" дар қатори се ширкати дигар – "UTair", "Сибирь" ва "Северный ветер" – байни Душанбеву Маскав парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад. Пештар сокинон аз набудани билет изҳори нигаронӣ доштанд, ҳоло аз фурӯхта шудани як билет ба чанд нафар.

Ҳафтаи гузашта дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон таъкид карданд, ки вазъ дар бозори билетфурӯшӣ ва шароити сафари сокинон ба Русия нисбат ба рӯзҳои пеш "беҳтар шудааст".

Нархи расмии билети парвози мунтазам ба Русия беш аз 4 ҳазор сомонӣ ва парвозҳои чартерӣ на бештар аз 8500 сомонӣ муқаррар шудааст. Парвозҳои мунтазамро "UTair" ва "Сомон-Эйр" анҷом медиҳанд.

Рӯзи сеюми май боздиди хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд нуқтаи билетфурӯшӣ нишон дод, ки нархи чипта аз 8 ҳазору 500 сомонӣ низ гарон ба фурӯш гузошта шудааст.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст ва аз ин ҳисоб хонаводаҳои зиёде дар кишвар рӯзгори худро мечархонанд. Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кор ба Русия мерафтанд, вале соли гузашта ба сабаби пандемияи коронавирус аксари онҳо дар кишвар бе ҷойи кору даромад монданд.

Бонки Марказии Русия эълон кард, ки соли гузашта аз ин кишвар ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

XS
SM
MD
LG