"Баъди андешаҳои зиёд дар бораи муносибатҳоямон тасмим гирифтем, ки издивоҷи худро қатъ кунем. Мо дар давоми 27 соли зиндагии муштарак фарзандони хуберо ба воя расонида, бунёдеро таъсис додем, ки дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба мардум барои ба роҳ мондани зиндагии солиму созанда кумак мерасонад. Мо ҳамкорӣ дар доираи бунёдро идома медиҳем", - навиштааст Билл Гейтс".
Билл ва Мелинда 1 январи соли 1994 бо ҳам издивоҷ карда буданд. Билл бо Мелинда Энн Френч соли 1987 дар нишасти хабарии "Майкрософт" дар шаҳри Ню-Йорк шинос шуда буд. Он замон Мелинда чанд сол мешуд, ки дар ширкат кор мекард. Онҳо се фарзанд доранд.
Маҷаллаи "Форбс" дороии Билл Гейтсро бори охир $124 миллиард арзёбӣ карда буд ва ӯ чаҳорумин сокини сарватмандтарини дунёст.
Маҷаллаи Time соли 2005 Мелинда ва Билл Гейтсҳоро шахси сол эълом карда буд.