Ссылки доступа

Қазоқистону Чин дар рӯдхонаи Хоргос обанбор месозанд


Қазоқистон ва Чин тасмим гирифтаанд, ки дар рӯдхонаи фаромарзии Хоргос обанбор бисозанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон 4 май иттилоъ додааст..

Дар бораи ин тасмим баъди сафари мудири кулли ширкати "Казводхоз"-и кумитаи захираҳои обии Қазоқистон Алтай Елжасов ба маҳалли эҳтимолии бунёди обанбор хабар дода мешавад.

Хоргос як рӯдхонаи фаромарзӣ буда, дар марзи Чину Қазоқистон ҷойгир аст. Он ҳудуди 180 километр дарозӣ дорад ва 160 километраш аз марзи Қазоқистону Чин мегузарад.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, бо ҳамтоёни чинии худ дар масъалаи тақсими об гуфтугӯ доранд. Вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон моҳи ноябри соли гузашта дар порлумон гуфта буд, ки гуфтугӯҳо бо Чин дар мавриди тақсими об "бо мушкил пеш мераванд".

XS
SM
MD
LG