"Фаҳмида мешавад, ба хотири гузаронидан ба вазифаи дигар ин тасмимро гирифтаанд ва ман ҳам 4 май бо шунидани хабар розӣ шудам", - изҳор дошт Суваналиев.
Ба гуфтаи Омурбек Суваналиев, ӯ дар ҳоли ҳозир намедонад, ки вайро ба кадом вазифа таъйин хоҳанд кард. Вай барои кор дар Бодканд бо хонаводааш ба он вилоят рафта буд.
Барканории Омурбек Суваналиев баъди задухурди мусаллаҳона дар марзи вилояти Бодканди Қирғизистон бо шаҳри Исфараи Тоҷикистон сурат гирифт. Ӯ дар нахустин лаҳзаҳои низоъ дар маҳалли ҳодиса қарор ва дар гуфтугӯҳо бо намояндагони Тоҷикистон иштирок дошт.
Ҳукумати Қирғизистон дар бораи барканории Суваналиев расман хабар надодааст ва феълан маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ раиси Бодканд мешавад. Суваналиеви 61-сола 15 феврали имсол раиси Бодканд таъйин шуда буд.