Ссылки доступа

RFI далелҳо дар бораи ваҳшонияти зархаридони Русияро дар Африқо нашр кард


Нашрияи фаронсавии RFI таҳқиқотеро дар бораи фаъолияти зархаридони Русия дар давлати Африқои Марказӣ бо даҳҳо шоҳиди ҷиноятҳои зархаридон нашр кард.

Дар таҳқиқот дар бораи се гуруҳи низомие сухан меравад, ки дар Африқои Марказӣ ба ҷонибдорӣ аз артиши давлатӣ меҷанганд. Инҳо гуруҳҳои ЧВК Вагнер, Sewa Security Services ва Lobaye Invest SARLU ҳастанд. Ба иттилои RFI, аъзои ин гуруҳ сокинони осоиштаро шиканҷаву қатл мекунанд, таҷовузҳои дастаҷамъӣ анҷом медиҳанд ва ба ғоратгарӣ машғул ҳастанд.

Расонаи фаронсавӣ асосан ба гузоришҳои гуруҳи махсуси кории СММ дар бораи истифодаи зархаридон дар Африқо такя кардааст. Дар гузориш омадааст, ки танҳо аз моҳи январ то миёнаҳои апрели соли ҷорӣ низомиёни Русия 26 қатли ғайридодгоҳӣ, 5 таҷовузи гуруҳӣ ва 27 маротиба ҳабсу шиканҷаи ғайриқонунӣ содир кардаанд.

Миёни ҷиноятҳои онҳо, ки дар таҳқиқот ба таври муфассал зикр шудааст - тирпарронии мошинҳои борбар дар ибтидои моҳи январи имсол, ки се сокини осоишта кушта шуд, қатли се сокини осоиштаи дигар дар миёнаҳои моҳи феврал дар дохили масҷид, таҷовузи дастаҷамъии як духтари 24-сола, ки дар рӯзи 25 феврал сурат гирифт - ҳастанд.

Сафорати Русия дар Африқои Марказӣ ин гузоришро то кунун шарҳ надодааст, аммо пештар аз ин гузориши гуруҳи кории СММ-ро "ҳаннотӣ" унвон карда буд. Сафорати Русия мегӯяд, гуруҳи кории СММ "далелҳои раднопазир" надорад.

Дар Африқои Марказӣ аз соли 2013 ба ин тараф миёни шуришиён ва низомиёни ҳукуматӣ ҷанг идома дорад. Низомиёни Русия барои машварат ва кӯмаки низомиёни ҳукуматӣ вориди Африқои Марказӣ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, шумори умумии низомиёни Русия дар Африқои Марказӣ ба 2 ҳазор мерасад. Русия ҳузури 2 ҳазор низомиашро рад мекунад. Сафорати Русия дар Африқои Марказӣ гуфт, танҳо 535 низомии рус барои "таълим"-и низомиёни африқоӣ дар Африқои Марказӣ ҳузур доранд ва "дар ҷангҳо ширкат намекунанд".

XS
SM
MD
LG