Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қазоқистон сокинонро ба гирифтани мояи дувуми ваксина даъват кард


Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 5 май дар порлумон хабар дод, ки то имрӯз ба 1,48 миллион шаҳрванди он кишвар як моя ва ба наздики 400,7 ҳазор кас ҳар ду мояи ваксинаи зидди коронавирус гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, фосила миёни гузаронидани ду мояи ваксина аз 45 шабонарӯз бештар нахоҳад шуд. Вазири қазоқ гуфт, агар ваксина думояӣ бошад, ба сокинон бояд ҳар ду мояи он гузаронида шавад.

Қазоқистон аз охирҳои моҳи апрел фосила миёни гузаронидани ду мояи ваксинаи русии "Спутник V"-ро бештар кард. Пештар сокинон баъди 21 рӯзи дарёфти мояи аввали ваксина бо мояи дувум эм мешуданд. Ҳоло ин муҳлат то ба 45 шабонарӯз боло бурда шудааст.

Бархе аз корбарон ва маркази мустақили илмии тиббии Medsupportkz аз афзоиши муҳлати фосила миёни гузаронидани ду моя изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, эҳтимол дорад, сокинон то дарёфти мояи дувуми ваксина ба коронавирус мубтало шаванд.

XS
SM
MD
LG