Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод, ки чаҳор мошини сухторнишонӣ ба ҷои ҳодиса омада, дар зарфи ним соат оташро хомӯш кардаанд. Вазорат ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳодиса як кас ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аммо шоҳидон мегӯянд, вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон дар мавриди оташсӯзии нуқтаи фурӯши сузишворӣ дурӯғпароканӣ мекунад. "Оташнишонон баъди ду соат омаданд. Маълум шуд, ки барои фуру нишондани оташи нуқтаи фурӯши сузишворӣ абзори махсус надоранд. Оташнишонон амалан ҳеч коре карда натавонистанд. Оташ баъди чаҳор соат худ ба худ хомӯш шуд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса ба шарти ифшо нашудани номаш.
Шоҳидон ҳамчунин гуфтанд, як коргар дар ин оташсӯзӣ дар ҷои ҳодиса фавтид.