Ссылки доступа

Сафари президенти Қирғизистон ба деҳаҳои осебдида дар низои марзӣ бо Тоҷикистон


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 6 май дар доираи як сафари корӣ ба вилояти Бодканди ин кишвар рафт.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов дар ҷараёни ин сафар аз деҳаҳое боздид хоҳад кард, ки дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон осеб дидаанд. Мулоқоти ӯ бо сокинони деҳаҳои мазкур низ дар назар аст.

Муҳофизони президенти Қирғизистон Бодканд ба рӯзноманигорон ва сокинон иҷозат надоданд, ки мулоқот бо ӯро акс ё ба навор гиранд. Хадамоти матбуотии Ҷабборов ин хабарро шарҳ надодааст.

Ҷабборов аллакай бо сокинони едҳаи Максат дар назди бинои сӯхтаи мактабе мулоқот карда, ваъда додааст, ки ҳамаи хонаҳои осебдида дар давоми ду моҳ барқарор карда хоҳад шуд. Ӯ гуфтааст, "то вазифаҳои аввалиндараҷа барои барқарорсозии вилояти Бодканд ба анҷом нарасанд ба Тоҷикистон сафар нахоҳад кард".

Сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи майи соли равон дар назар буд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухурд сурат гирифт. Дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон ​19 нафар ба ҳалокат расида, ​87 кас захмӣ шудаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG