"Гуфтаҳои ӯ дар бораи он ки гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Ӯшу Бишкек боздошт шуда, зиддашон ҳар гуна чора андешида мешавад, асос надоранд", - омадааст дар иттилоияи хадамот.
Ин ниҳод изҳороти ҳомии ҳуқуқи русро талоши барангехтани адовати миллӣ номидааст. "Убури шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон ба таври муқаррарӣ ва бидуни ҷудо кардани онҳо ба миллат, қавм ва нажод сурат мегирад", - афзудааст манбаъ.
Валентина Чупик ахиран бо нашри изҳороти видеоие гуфт, муҳоҷирони тоҷике, ки тавассути фурудгоҳҳои Қирғизистон ба ватан бармегарданд, боздошт, латтукӯб ва таҳқир карда мешаванд. Чандин муҳоҷири тоҷик низ бо нашри аксу видео иддао карданд, ки ҳангоми бозгашт ба ватан дар фурудгоҳҳои Қирғизистон таҳқиру латтукӯб шудаанд.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухурд сурат гирифт. Дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 87 кас захмӣ шудаанд.
Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.