Ҳудуди даҳ нафар дар даст акси пайвандонашон, ки гӯиё дар Чин ҳабс ҳастанд ё наметавонанд, ба Қазоқистон бираванд, дар назди бинои бонк ҷамъ шуда, шиор мепартофтанд: "Озодӣ!", "Қазоқҳо террорист нестанд!", "Бародарони моро раҳо кунед!".
"Чин Қазоқистонро ба рӯйхати 26 кишваре шомил кардааст, ки хатари террористӣ доранд. Дар Чин ҳар касеро, ки дар Қазоқистон буд, террорист меҳисобанд. Наздикону пайвандони моро низ маҳз барои ҳамин таъқибу зиндонӣ кардаанд. Агар қазоқтаборон ба Қазоқистон рафта, оянд, онҳоро террорист меноманд. Вале агар чиниҳо бираванд, мегӯянд, ки онҳо ба "кишвари дуст" рафтаанд. Ин як навъ табъиз аст. Агар қазоқҳо ҳаққи рафтан ба Қазоқистонро надоранд, пас чиниҳо ҳам бояд нараванд", - гуфт яке аз эътирозгарон Байболат Кунболатулӣ.
Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.
Дар Шинҷони Чин наздики ду миллион қазоқтабор истиқомат мекунад. Дар солҳои охир қазоқтаборон ҳамроҳ бо дигар ақалиятҳои мусалмони Шинҷон зери таъқиб ва озор қарор доранд. Ақлиятҳои миллиро бо баҳонаҳои мухталиф, барои мисол, дар сурати пайдо шудани Қуръон дар манзилашон, боздошт ва ба урдугоҳҳои бозтарбия мебаранд.
Мақомоти Чин ин айбҳоро рад мекунанд ва урдугоҳҳоро марказҳои касбомӯзӣ ва бозтарбия унвон мекунанд, ки гӯиё барои пешгирӣ аз терроризму тундгароӣ таъсис шудаанд.