Дар шарҳи девони вазирони Қирғизистон омадааст, ки "сохтмони роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло-Ворух аз қисмати шарқии минтақаи аҳолинишини Капчигай (Тангӣ) муштаракан дар заминҳои марбут ба ноҳияи Бодканд амалӣ карда мешавад". "Сохтмон ва ба истифода додани роҳи мазкур танҳо баъди имзои санади алоҳидаи байни ду кишвар амалӣ мегардад", - омадааст дар шарҳи девони вазирони Қирғизистон.
Ҳукумати Қирғизистон ҳамзамон шарҳ додааст, ки сохтмони роҳи мошингарди мазкур "маънои ба ҷониби Тоҷикистон фароҳам овардани долонро надорад".
Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.
Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.