Айни замон расонаҳои Қирғизистон аз ихроҷи шаҳрвандони ин кишвар аз ноҳияи Лахш хабар доданд, вале мақомоти ноҳия онро рад карданд.
Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш, гуфт, барои суҳбат ва қабули шаҳрвандони беруншуда аз Қирғизистон ба гузаргоҳи марзӣ рафта буд.
“Онҳоро аз ташхиси коронавирус гузаронидем. Ба хонаҳояшон рафтанд. Як зану шавҳар бо кӯдаки худ омаданд, дигарон донишҷӯ буданд. Панҷ нафаре низ ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд", -- гуфт Баротзода рӯзи 6-уми май.
Мақомот дар ноҳияи Лахш гуфтанд, ин афродро рӯзҳои 3, 4 ва 6-уми май қабул кардаанд.
Ҷониби Қирғизистон сабаби ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони душаҳрвандиро расман шарҳ надодааст. Як манбаъ дар мақомоти Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳоро "бо ҳадафи гирифтор нашудан ба бемории коронавирус ва пеш аз эълони карантин" гусел кардаанд.
Фирӯз Немаров, донишҷӯи тоҷик, ки аз Қирғизистон ихроҷ шудааст, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро барои бадтар шудани вазъи паҳншавии коронавирус ҷавоб доданд. “Гуфтанд, ҳар вақте вазъият хуб шуд, мегӯем, ки биоед.
Некрӯз Аброров, донишҷӯи дигари ихроҷшуда, мегӯяд, соли гузашта вазъи паҳншавии коронавирус бадтар буд, аммо касе онҳоро берун накарда буд.
Дар ҳамин ҳол, дар чанд рӯзи охир расонаҳои Қирғизистон аз берун шудани шаҳрвандони ин кишвар аз Тоҷикистон хабар медиҳанд. Eurasia Today, АкиПресс ва 24.kg хабар доданд, ки дар ноҳияи Лахш тафтиши шиноснома оғоз шудааст ва шаҳрвандони Қирғизистонро аз Тоҷикистон меронанд.
Аз ҷумла, 24.kg навиштааст, ки “ҳатто ба баъзе фурсати ғундоштани чизу чораашонро надодаанд”. Дар хабарҳое, ки расонаҳои қирғизӣ нашр кардаанд, аз ҳеч шахсе ном бурда намешавад ва омори дақиқи ихроҷи шаҳрвандон гуфта нашудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, аз ин масъала хабар доранд ва онро зери назорат гирифтаанд.
Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш, мегӯяд, ин хабар воқеият надорад. Ӯ афзуд, “масъала сари ин аст, ки баъзе аз сокинон ҳам шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтаанд, ҳам шаҳрвандии Қирғизистонро. Мо пештар аз онҳо хоста будем, ки якеро интихоб кунанд. Касе барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон маҷбур нашудааст."
Баротзода гуфт, ин кори нав нест, балки аз соли 2015 барои назорати қонун дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон давом дорад.
Ӯ гуфт, “дар як сол тақрибан сад сокини ноҳияи Лахш аз шаҳрвандии Қирғизистон ва ҳамин миқдор аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашиданд.”
Дар Тоҷикистон соли 2015 қонун дар бораи шаҳрвандиро тағйир доданд. Бар асоси он шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ надорад, ҳамзамон табааи кишваре шавад, ки Тоҷикистон бо он созишномаи душаҳрвандӣ надорад. Ҳоло Тоҷикистон танҳо бо Русия чунин созишнома дорад.
Мақомоти ноҳияи Лахш мегӯянд. аз рӯйи қонун шаҳрванди Қирғизистон ҳақ дорад, 56 рӯз бе доштани виза дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ кунад. Онҳо гуфтанд, шаҳрвандони Қирғизистон бояд аз рӯйи қонун худро дар хадамоти муҳоҷират сабт кунанд ва ҳамчун хориҷӣ дар ин ҷо кору зиндагӣ кунанд.
Расонаҳои Қирғизистон навиштаанд, ки шаҳрвандони Қирғизистон, ки ихроҷ шудаанд, барои дидорбинии наздиконашон рафта буданд.
Бахтиёр Айтматов, як сокини қирғизтабори ноҳияи Лахш (Ҷиргатол), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як сол боз ба хотири пешгирӣ аз пандемия марзҳо бастааст ва хешу табори онҳо имкони ба дидорбиниашон омадан надоранд: “Мо ҳеҷ мушкил надорем. Илтимос, монед, ором зиндагӣ кунем. Ин ҷо тоҷику қирғиз бо ҳам ангушту нохун шудаанд ва бо ҳам наздиканд. Ман домоду келини тоҷик дорам. Тоҷикон низ келину домоди қирғиз доранд."

Бар асоси маълумоти охирин ҳоло танҳо 43 нафар дар ноҳияи Лахш рӯйхат шудааст, ки душаҳрвандӣ доранд. Як нафар аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои даст кашидан аз шаҳрвандии Қирғизистон ба Бишкек рафт, вале раванди берун шудан аз шаҳрвандӣ кори осон набудааст.
Омори дақиқу расмӣ дар бораи сокинони Лахш, ки ҳамзамон шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистонро доранд, мавҷуд нест. Аммо бино бар ҳисобҳои охирин, аҳолии ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) беш аз 57 ҳазор буда, каме бештар аз 30 ҳазор қирғизтаборанд.