Ссылки доступа

Дар Қӯқанд ноболиғеро "рабуда, таҷовуз кардаанд": Гумонбарон дар озодиянд


Се мард 29 апрели соли равон дар шаҳри Қӯқанди Узбекистон духтари 16-солаеро аз маҳаллаи "Абу Тайиб Қӯқандӣ" рабуда, таҷовуз кардаанд.

Пайвандони духтар дар суҳбат бо бахши Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ноболиғро шабона дар роҳ ба сӯи фурӯшгоҳ рабудаанд.

"Баъди ифтор ба мағоза рафт. Вале дар роҳ О.А., ки чанде пеш аз зиндон озод шуда буд, ҳамроҳи ду рафиқаш ӯро ба мошини сиёҳи "Ласеттӣ" савор карда, бурдааст. Мо шоҳид дорем ва шахсияти рафиқони О. А. низ маълум аст. Он рӯз зуд ба пулиси шаҳри Қӯқанд муроҷиат кардем, вале натиҷа надод. Маъмурони пулис ба шикояти мо ҷиддӣ таваҷҷуҳ накарданд", - изҳор дошт модари духтар.

Модари ноболиғ мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз пойфишориҳои чандинрӯза кофтукобро оғоз карда, рӯзи 7 майи соли равон духтарро пайдо карданд. Тавре гуфта мешавад, гумонбарон духтарро рабуда, таҷовуз кардаанд.

Пайвандони духтар иддао доранд, ки гӯиё ноболиғро дар идораи пулис маҷбур кардаанд, то гӯяд, бо хоҳиши худ бо гумонбарон рафтааст. "Гумонбари асосӣ се бор суд шудааст. Вай ҷинояткори хавфнок аст. Дар даҳонаш алмос мегардонад. Вале сарфи назар аз ин ҳама ӯ ҳанӯз ҳам дар озодӣ аст", - илова кард модари ноболиғ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қӯқанд ҳанӯз ҳам духтарро аз ташхиси судӣ-тиббӣ нагузарондаанд.

Як корманди бахши ҷустуҷи ҷиноии Идораи пулиси шаҳри Қӯқанд баъди шунидани суоли хабарнигори мо дар бораи рабудан ва таҷовуз шудани духтари ноболиғ телефонро хомуш кард ва дигар ба зангҳо ҷавоб надод.

XS
SM
MD
LG