Ссылки доступа

Сарвазири Исроил аз рафтори пулис зидди фаластинҳо ҳимоят кард


Бинямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил аз амалиёти пулис зидди фаластиниҳо ҳимоят кард.

Нетаняҳу гуфт, ки ҳукумати кишвараш ба тундгароҳо иҷозат намедиҳад, ки оромии шаҳрро халадор созанд.

Шаби 8 ба 9-уми май ба сабаби таниш дар назди Масҷид-ул-Ақсо, макони севуми муқаддас барои мусулмонон, миёни нерӯҳои амниятии Исроил ва фаластиниён даргирии нав рӯй дод.

Ихроҷи эҳтимолии фаластиниҳо аз хонаҳояшон дар сарзаминҳое, ки яҳудиён иддаои соҳибӣ ба онро доранд, низ иллати даргирӣ будааст.

Ин бархӯрдҳо ҳангоме рух доданд, ки шаби 8-уми май ҳудуди 90 ҳазор фаластинӣ ба муносибати шаби Қадр дар Масҷид-ул-Ақсо гирдиҳам омаданд. Беш аз 60 фаластинӣ захмӣ шуда, ёздаҳ нафар дар шифохона бистарӣ гардидаанд.

Нерӯҳои амниятии Исроил аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кардаанд.

Дар бархӯрдҳои як рӯз пеш аз он 205 фаластинӣ ва 18 нерӯи амниятии Исроил захмӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG