Ссылки доступа

Расонаҳо: ИМА интиқоли неруҳояшро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунад


Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мақомдорони низомии амрикоӣ навишт, ки ИМА гузинаи интиқоли неруҳо ва лавозимоти ҷангиашро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ мекунад.

Нашрия менависад, интиқоли низомиён, ҷангандаҳои бесарнишин, бомбафканҳо ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар минтақа, ба бовари низомиёни амрикоӣ, имкон медиҳад, ки баъди хуруҷи неруҳо аз Афғонистон аз ҷанги эҳтимолии Толибон пешгирӣ карда шавад.

Мақомдорони низомии амрикоӣ гуфтаанд, хатари пайдоиши дубораи "Ал-Қоида" ва ё гуруҳҳои дигаре амсоил ДОИШ дар Афғонистон аз эҳтимол дур нест.

Бархе аз мақомдорони ҳукумати Байден гуфтаанд, ки барои интиқоли неруҳои амрикоӣ Тоҷикистон ё Узбекистон мувофиқ хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, низомиёни амрикоӣ гуфтаанд, ки ҳузури неруҳои Русия дар минтақа, афзоиши ҳузури Чин ва таниши байни онҳову Вашингтон амалисозии нақшаи таъсиси пойгоҳи амрикоиро дар Осиёи Марказӣ душвор мегардонад, навиштаанд расонаҳои амрикоӣ.

Ба навиштаи расонаҳо, то имрӯз дархости расмии аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин бора нашудааст.

ИМА бар асоси созише, ки бо ҳаракати "Толибон" дошт, ба берун овардани неруҳояш аз хоки Афғонистон шуруъ кард. Неруҳои амрикоӣ то моҳи сентябри соли ҷорӣ бояд комилан Афғонистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG