Ссылки доступа

Тамоми корхонаҳои давлатии Қирғизистонро дар як сол хусусӣ карданианд


Омодагиҳо ба хусусигардонии амволи давлатӣ дар Қирғизистон оғоз шуд. Чанде пеш президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки қисми бештари амволи давлатӣ фурӯхта ва боқӣ дар ихтиёри вазорату идораҳо гузошта шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри Бунёди амволи давлатии Қирғизистон, чандин корхона, биноҳои гуногун, нақлиёт ва иншоотҳои дигар мебошад, ки қарор аст, дар давоми як сол хусусӣ шаванд.

"Воқеияти иқтисодӣ нишон дод, ки мудирияти хусусӣ назар ба давлатӣ бештар корсоз аст. Вазифаи мо ин аст, ки корхонаҳои давлатиро бояд бозсозӣ карда, дар оянда ба сармоягузорон диҳем. Хидматрасонӣ дар иншоотҳои стратегиро ҳам бояд ширкатҳои хусусӣ анҷом диҳанд. Бунёди амволи давлатӣ ҳам бояд баъди анҷоми ин корҳо барҳам дода шавад. Амволи давлатие, ки хусусӣ шудани онҳо ғайриимкон аст, бояд дар ихтиёри вазорату кумитаҳои давлатӣ қарор дода шавад", - изҳор дошт Ҷабборов дар ҷараёни ироаи паёмаш ба мардум 5 май.

Як қатор сиёсатмадорон ва фаъолони ҷомеаи мадании Қирғизистон аз ин ташаббуси президент Ҷабборов интиқод карданд. Аз ҷумла, вакили пешини порлумони Қирғизистон Исҳоқ Масалиев гуфт, давлат аз фурӯши амволи худ ҳеч гоҳ ғанӣ нахоҳад шуд.

"Президент гуфт, ки давлат ҳечгоҳ мудири хуб шуда наметавонад. Вале ин давлат аст, ки наметавонад. Кормандон ва раҳбароне, ки дар онҷо кор мекунанд, наметавонанд мудири хуб набошанд. Агар шахсони воқеӣ ширкатҳои барқ ва истгоҳҳои барқу гармидиҳиро хусусӣ гардонанд, ин барои ояндаи давлат хатар дорад. Давлат аз онҳое, ки ин корхонаҳоро раҳбарӣ мекунанд, вобаста хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Раванди ҳисоби амволи давлатӣ дар Қирғизистон солҳои 2014-2015 бо дастури порлумони он кишвар оғоз шуда буд. Ба ин иқдом 50 миллион долларе сарф шудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷудо карда буд.

XS
SM
MD
LG