Ссылки доступа

Тирандозӣ дар мактаби Қазон. Хабарҳо аз марги мактаббачаҳо мерасанд (видео)


Дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон дар гимназияи рақами 175 тирандозӣ рух дод. РИА Новости гуфт, ки шумори кушташудаҳо ба 9 нафар баробар шудааст.

Хабаргузории ТАСС шуморои кушташудаҳоро то ин замон 7 нафар навишта гуфтааст, ки яке аз онҳо омӯзгор аст. Baza мегӯяд, ки 9 нафар кушта шудааст. Ба ҷои ҳодиса мошинҳои хадамоти ёрии изтирорӣ расидаанд, хонандагонро аз тирезаҳои мактаб наҷот медиҳанд.

РИА Новости гуфт, ки эҳтимолан як ҳамлагар боздошт шудааст. Шояд шумори ҳамлагарон ду-се нафар бошад.

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба маъмурияти мактаб навиштааст, ки тирандозиро яке аз шогирдони ҳамин мактаб шурӯъ кард. Ӯ бо силоҳ ба синф ворид шуда, ба сӯи ҳамсинфонаш оташ кушод ва ҳадди аққал се нафарро маҷрӯҳ кард.

XS
SM
MD
LG