Дар ин оташсӯзӣ ба иловаи як кушта, ду тани дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Оташ даҳҳо хонаҳоро сӯзонида ва хонаводаҳоро бе сарпаноҳ кардааст.
Субҳи 11 май оташ хомӯш карда шуд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфтанд, дар бархе аз ҷойҳо оташ ҳамоно идома дорад ва коргарон машғули хомӯш кардани он ҳастанд.
Дар маҷмуъ дар ин оташсӯзӣ 37 сохтмон нобуд шудааст.
Як гумонбар, ба иттилои мақомот, бо гумони қасдан оташ задани ҷангал боздошт шудааст. Гуфта мешавад, вай дар наздикии ҷангал гулхан афрухта, боиси оташ гирифтани 300 га замин шудааст. Нисбати вай бо моддаи "аз беэҳтиётӣ нобуд кардани молу мулки ғайр" парванда боз шудааст. Ӯро то ду соли ҳабс таҳдид мекунад. Оташсӯзӣ рӯзи 10 май, тақрибан соати 13:30 дақиқа сар зад.