Ссылки доступа

Баъди насби ҳисобкунакҳои "ҳушманд" дар Тошканд садҳо одам бе ҷои кор монданд


Ширкати "Ҳудудгазтаъминот" дар Узбекистон дар ду моҳи охир бори дувум аст, ки коргаронашро ихтисор мекунад.

Рӯзи 5 май садҳо коргари ширкат дар бораи ихтисор шуданашон огоҳӣ гирифтанд. Садҳо коргари дигари ширкат як моҳи пеш ихтисор шуда буданд.

Коргарон мегӯянд, баъди насби ҳисобкунакҳои ширкати марбут ба раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, ширкати "Ҳудудгазтаъминот" аз ширкати "Технопарк" қарздор шудааст.

Ба ин далел "Ҳудудгазтаъминот" маҷбур шудааст, ки коргаронашро ихтисор кунад.

Дар маҷмуъ, сар аз 1 апрел ба ин тараф ширкати "Ҳудудгазтаъминот" дар саросари Узбекистон бештар аз 1000 коргарашро ихтисор кардааст.

Дар ибтидо гуфта мешуд, ки ҳисобкунакҳои "ҳушманд" аз ҳисоби буҷаи давлат дар манзили сокинон насб мешавад. Аммо баъдтар маълум гардид, ки харҷи ҳисобкунакҳо ба души ширкати "Ҳудудгазтаъминот" гузошта шудааст. Ба ин далел, ширкати мазкур аз "Технопарк" қарздор шуда ва иҷборан қисме аз коргаронашро ихтисор мекунад.

XS
SM
MD
LG