Ссылки доступа

Мақомот гуфтанд, сел дар Тоҷикистон боис ба марги 8 кас шуд ва ба 15 ноҳия осеб расонд


Сель в Кулябе. 11 мая 2021
Сель в Кулябе. 11 мая 2021

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки сели рӯзи 11-уми май дар гӯшаҳои кишвар боис ба марги 8 кас шуда, ба 15 ноҳия зиён расонд.

Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 12-уми май дар эъломияе гуфт, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд. Баъзе аз сокинон мақомотро барои омода набудан ба чунин вазъи изтирорӣ танқид мекунанд.

Омадани сел дар рӯзи гузашта роҳи деҳаи Лаби Ҷар дар ноҳияи Сангвори минтақаи Раштро баст. Мақомот гуфтанд, роҳ тоза карда шуд ва ҳаракати мошинҳо барқарор гардид. Ҳамчунин ҳавлии 14 оила дар деҳаи Ниёзбегиёни ноҳияи Рашт зарар дидаанд. Дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб сел чорво ва мошини чанд сокини деҳаро бурдааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, омадани сел роҳи Дарвоз – Хоруғро дар наздикии деҳаи Вишхарв баст. Мақомот гуфтанд, шаби гузашта сел ба шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз - Хоруғ осеб расонд.

Дар эъломияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфта шудааст, сели 11-уми май дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Кӯлоб, Ҳисор ва ноҳияи Кушониён қурбонӣ дошт. Аз ҷумла, се узви як оила дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ин ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Номи онҳо маълум нест, вале мақомот гуфтанд, фавтидагон 10, 29 ва 39-сола буданд. Ин афрод дар дохили мошин буданд ва сел онҳоро бурд. Мақомот гуфтанд, мусофири чаҳоруми нақлиёт як сокини 45-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин захмдор аст.

Сел дар умум ба манзили 26 оила дар деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зарар расондааст.

Бар асоси хабарҳои расмӣ, сели рӯзи 11-уми май беш аз ҳама дар шаҳри Кӯлоб хисорот доштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, сел ба кӯчаҳои Завод, Содиқов, маҳаллаҳои 3, 4, 5, Файзободи Боло, Якуми Май, Раҳимзода ва Пашадара осеб расондааст. Боғҳо низ дар пайи омадани сел зарар диданд.

Мақомот гуфтанд, сел дар шаҳри Кӯлоб то ин дам 3 қурбонӣ доштааст. Ду нафари онҳо дар дохили нақлиёт ва як нафарашон дар вақти омадани сел ба ҳалокат расидаанд.

Дафтари матбуоти нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 12-уми май хабар дод, ки Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои дохиливу вазири нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳри Кӯлоб рафтаанд. Дар назар аст, ҷаласаи нахустини комиссия бо роҳбарии нахуствазир зуҳри 12-уми май баргузор шавад.

Бар асоси хабарномаи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи сели рӯзи гузашта як сокини 34-солаи ноҳияи Кушониён ҳам ба ҳалокат расидааст. Манбаъ афзуд, ӯ ронандаи нақлиёти боркаш буд ва дар вақти омадани сел дар роҳи Бохтар - Данғара қурбон шуд.

Офати табиӣ, инчунин, боис ба хароб шудани як пул дар роҳи Данғара-Леваканд гардидааст. Дар деҳаҳои Даштобод, Обимуки ноҳияи Ёвон ҳам сел ба таҳхонаҳои сокинон ва замини наздиҳавлигии онҳо осеб расондааст.

Дар ноҳияҳои Хуросон, Дӯстӣ, Вахш ва Муъминобод ҳам, ба гуфтаи мақомот, селу обхезӣ ба манзилҳои сокинон зарар расонда, боиси хароб шудани пул шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, қурбонии ҳаштуми сел сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор мебошад. То ин дам номи ин нафар эълон нашудааст ва мақомот танҳо гуфтанд, ӯ чӯпон буда, сел ӯро бурдааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, комиссия миқдори зарари расида аз офати табииро муайян карда истодааст. Масъулини ниҳод гуфтанд, хатари боронгарӣ ва омадани сел то рӯзи 14-уми май зиёд аст ва сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, кормандонашон ба ҳолати омодабош даромадаанд ва вазъро зери назорат доранд. Ҳарчанд баъзе аз сокинон дар минтақаҳои офатзада гуфтанд, ёрии зарурӣ дарёфт накардаанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

XS
SM
MD
LG