Ссылки доступа

Ширкатдорони иқдоми эътирозиро дар Алмато боздошт карданд


Шоми 11 май кормандони пулис дар пушти дар консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон афродеро боздошт карданд, ки 93 рӯз пайи ҳам гирдиҳамоӣ мекарданд.

Ин афрод раҳоии наздикони худро аз Шинҷони Чин талаб доранд.

Дар бораи боздошт аз сӯи пулис Байболот Кунболатулӣ, яке аз иштирокчиёни гирдиҳамоӣ хабар дод. Вай гуфт, ки чанд танро ба идораи пулис бурданд.

"Модарое, ки наздикони худро дар Чин суроғ дорад, мисли пешин пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато ҷамъ шуданд. Пулис наздики даҳ танро боздошт кард", - гуфт Кунболатулӣ.

Шаҳрвандоне, ки 93 рӯз пайи ҳам пушти дари консулгарии Чин гирди ҳам меоянд, мегӯянд, мақомоти Чин дар Шинҷон наздикони онҳоро ё зиндонӣ кардаанд ва ё иҷозаи аз кишвар хориҷ шуданро намедиҳанд.

Дар Шинҷони Чин наздики ду миллион қазоқтабор истиқомат мекунад. Дар солҳои охир қазоқтаборон ҳамроҳ бо дигар ақалиятҳои мусалмони Шинҷон зери таъқиб ва озор қарор доранд. Ақлиятҳои миллиро бо баҳонаҳои мухталиф, барои мисол, дар сурати пайдо шудани Қуръон дар манзилашон, боздошт ва ба урдугоҳҳои бозтарбия мебаранд.

Мақомоти Чин ин айбҳоро рад мекунанд ва урдугоҳҳоро марказҳои касбомӯзӣ ва бозтарбия унвон мекунанд, ки гӯиё барои пешгирӣ аз терроризму тундгароӣ таъсис шудаанд.

XS
SM
MD
LG