Ссылки доступа

Чин ба Қирғизистон 150 ҳазор моя ваксина ва $54 млн медиҳад


Вазирони умури хориҷии Қирғизистону Чин -- Руслан Қазоқбоев ва Ван И 11 май дар шаҳри Сиан мулоқот карданд.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ҷонибҳо дар вохӯрӣ афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Қирғизистон ба Чин, афзоиши табодули коло, иҷрои тарҳҳои грантӣ, бунёди роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон", эътидоли қарзи давлатии Қирғизистон аз Чин, ҷалби сармоя ба иқтисоди Қирғизистон ва пешбурди тарҳҳои муштараки зербиноиро баррасӣ кардаанд.

Вазири умури хориҷии Чин дар навбати худ хабар дода, ки Пекин тасмим дорад, ба Қирғизистон боз 150 ҳазор моя ваксинаи зидди коронавирусро диҳад ва ҳамчунин барои дастгирии иқтисоди ин кишвар 350 миллион юан (ҳудуди 54 миллион доллари амрикоӣ) ҷудо кунад. Чин барои таъхир дар пардохти қарзи давлатии Қирғизистон маблағи иловагӣ низ пешбинӣ намекунад.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо Барномаи ҳамкориҳо миёни Чину Қирғизистон барои солҳои 2022-2023-ро имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG