Ссылки доступа

Дастгоҳҳои нав барои неругоҳи Токтогули Қирғизистон дар гумрук дармондааст


Қирғизистон 5 моҳ аст, ки наметавонад, дастгоҳҳои навро барои навсозии неругоҳи Токтогул аз марзи Чину Қазоқистон гузаронад.

Дар ин бора рӯзи 11 май Бакит Сиддиқов, раиси Холдинги энержии миллии Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони он кишвар хабар дод.

"Ҳоло дар неругоҳи Токтогул тахриби агрегати №4 барои навсозӣ идома дорад. То 15 ноябр бояд агрегати навсозишуда ба кор пардозад. Аммо мушкилиҳое сар задааст. Қисмҳои эҳтиётӣ барои навсозии агрегат дар марзи Чин бо Қазоқистон 5 моҳ аст, ки дар мондааст", - гуфт Сиддиқов.

Неругоҳи Токтогули Қирғизистон соли 1975 сохта шудааст. Ин неругоҳ 40 дарсади барқи Қирғизистонро тавлид мекунад.

XS
SM
MD
LG