Ссылки доступа

Дар Узбекистон тарҳи қонуни гузор ба хати лотинӣ ним соли дигар баррасӣ мешавад


Гуруҳи кории таъмини гузариш ба алифбои лотиниасоси Узбекистон тасмим гирифт, ки баррасии умуми тарҳи қонунро то 1 ноябри соли ҷорӣ тамдид кунад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Департаменти рушди забони давлатии Девони вазирони Узбекистон иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, тамдиди муҳлат ба хотири омӯзиши ҳамаҷонибаи тарҳ ва пешниҳоди мутахассисону ҷомеа андешида шудааст.

Давоми шаш моҳи оянда Департаменти мазкур конфронсҳои илмӣ, маърӯзаву давраҳои омӯзишӣ дар бораи зарурати гузариш ба хатти лотиниасоси алифбои Узбекистон ва дигар чораҳоро баргузор мекунад.

Тарҳи қонуни Узбекистон дар бораи гузариш ба хати лотиниасос 16 марти соли ҷорӣ ба баррасии умум гузошта шуда буд. Алифбои нав аз 28 ҳарф иборат аст.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, тарҳи мазкур дар 15 рӯзи муҳокима дар интернет 1035 шарҳ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG