Ссылки доступа

Натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳрии Бишкек бекор шуд


Комисияи интихоботии шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар як ҷаласа рӯзи 12 май натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳриро бекор кард.

Комисияи гуфт, ба далели аз маъракаи интихоботӣ берун кардани ҳизбҳои "Эмгек", "Оқ-Бата" ва Ҳизби халқӣ-демократии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳрӣ бекор шуданд. Ҳамакнун масъалаи мазкурро Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон баррасӣ хоҳад кард.

Интихоботи маҳаллӣ дар Қирғизистон рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ баргузор шуд. Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизби сиёсӣ мубориза мебурданд. Танҳо 6 ҳизб: "Эмгек", "Оқ-Бата", Ҳизби халқӣ-демократии Қирғизистон (ҲХДҚ), "Ота-Журт Қирғизистон", "Интимик", "Бизден Эл" садди 7 дарсадиро убур карда, вориди порлумон шуданд. Аммо дертар комисияи интихоботии Бишкек ҲХДҚ, "Эмгек" ва "Оқ-Бата"-ро ба далели харидани раъйи мардум аз маъракаи интихоботӣ берун кард.

Пештар аз ин Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи маҳаллӣ дар шаҳрҳои Ӯшу Токмакро ҳам бекор карда буд.

XS
SM
MD
LG