Ссылки доступа

Пулис: мудирони "Қумтор" моҳи апрел Қирғизистонро тарк кардаанд


Сухангӯи пулиси вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон Сталбек Усубакунов гуфт, мудирони ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" моҳи апрели соли равон кишварро тарк кардаанд.

Хадамоти тафтишотии Қирғизистон 12 май мудири молии ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" Саймон Тан, президенти ширкат Деон Баденхорст ва сардори идораи умури ҳамлу нақли он Арипин Буманро ҳамчун шоҳид ба бозпурсӣ даъват карда буд.

"Вале дар рафти тафтишот маълум гашт, ки ҳамаи онҳо пеш аз даъват ба бозпурсӣ Қирғизистонро тарк кардаанд. Яке аз онҳо умуман ба ҳудуди Қирғизистон ворид нашудааст", изҳор дошт Усубаунов.

Пулиси Иссиқкӯл 11 май хабар дода буд, ки тафтиши ҳодисаи рухдода дар кони Қумторро бар асоси банди "Нақзи қоидаҳои бехатарии кор дар куҳу сохтмон" оғоз кардааст.

Рӯзи 1 декабри соли 2019 дар кон лағжиши куҳпора рух дода, ду коргар беному нишон шуданд, ки баъдтар онҳоро ҳамчун фавтида ба қайд гирифтанд. Рӯзи 15 феврали соли 2020 як ронандаи кон ҳамроҳ бо мошинаш ба кӯли Петрови наздики кон сарозер шуд.

Ахиран додгоҳе дар Қирғизистон қарор кард, ки ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" барои хисороти муҳитзистӣ 3 миллиард доллар ҷуброн пардозад.

Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкати канадагии "Сентерра Голд" коркард мекунад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дорад. Ширкати мазкур 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва 20 дарсади саноати он кишварро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG