Ссылки доступа

Овозхони узбекистонӣ Ҷаҳонгир Атаҷонов тасмим дорад, ҳизби "Эрк"-ро фаъол гардонад


Овозхони пешини узбекистонӣ Ҷаҳонгир Отаҷонов, ки тасмим дорад, дар интихоботи президентии Узбекистон ширкат варзад, рӯзи 12 май аз Туркия ва Узбекистон баргашт.

Вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки тасмим дорад, фаъолияти ҳизби сиёсии "Эрк" (Ирода)-ро дар Узбекистон барқарор созад. "Ба ҳамин хотир ман ба Узбекистон баргаштам. Ҳадафи ман - президент шудан аст, роҳи баргашт надорам", - гуфт вай.

Ҷаҳонгир Отаҷонови 42-сола моҳи декабри соли 2020 эълом кард, ки тарки саҳнаи овозхонӣ мекунад. Вай дар моҳи январи имсол гуфт, тасмим дорад, ки дар интихоботи президентии моҳи октябр ширкат варзад.

Қонунгузории Узбекистон талаб мекунад, ки номзадҳо танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шаванд.

Ҳизби сиёсии "Эрк" аз сӯи мухолифи ҳукумати Узбекистон Муҳаммад Солиҳ дар солҳои 90-уми асри гузашта таъсис шудааст. Муҳаммад Солеҳ солҳои тӯлонист, ки дар Туркия паноҳанда аст.

Баъд аз эъломи ширкат дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Узбекистон нисбати Ҷаҳонгир Отаҷонов таҳқиру туҳматҳо зиёд шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вай талаб доранд, ки аз ин тасмимаш даст кашад.

XS
SM
MD
LG